СИЁСАТИ ҲИФЗИ МАХФИЯТ
Сиёсати махфияти маълумоти шахсии Истифодабарандагон
(минбаъд Сиёсати ҳифзи махфият) ба ҳамон маълумоте дахл дорад, ки КВД “Шаҳри
ҳушманд” (Smart City)-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе,
воқеъ дар суроғаи www.edonish.tj, метавонад ҳангоми истифодаи сомонаи eDonish ва
барномаи мобилии eDonish нисбати Истифодабарандагон дастрас намояд.
ТАФСИРИ ИСТИЛОҲҲО
“Маъмурияти Сомона/Барномаи мобилӣ” -
КВД “Шаҳри ҳушманд”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе
(минбаъд Маъмурияти eDonish), кормандони ваколатдор оид ба идоракунии Сомона/Барномаи
мобилӣ, ки аз номи Маъмурияти eDonish амал
мекунанд, коркарди маълумоти шахсиро
ташкил ва (ё) амалӣ месозанд, инчунин мақсадҳои коркарди маълумоти шахсӣ,
таркиби маълумоти шахсии коркардшаванда ва амалҳоро бо маълумоти шахсӣ муайян
мекунанд.
“Маълумоти
шахсӣ” - ҳама гуна иттилооте, ки ба шахси воқеии мустақим ё ғайримустақим марбут
аст, ба монанди ному насаб, суроғаи зист, суроғаи имейл ва амсоли онҳоро, дар назар дорад.
“Коркарди
маълумоти шахсӣ” - ҳама гуна амал ё маҷмӯи амалҳо, ки бо истифода аз воситаҳои автоматикунонӣ ё бе истифодаи чунин воситаҳо бо маълумоти шахсӣ, аз ҷумла ҷамъоварӣ, сабт, ба тартиб
даровардан,
нигоҳдорӣ, равшансозӣ, тағир додан, истихроҷ, истифода, интиқол, тақсим, банд кардан, нест кардани маълумоти шахсӣ.
“Махфияти маълумоти шахсӣ” - Маъмурияти eDonish ё дигар шахсе, ки барои истифодаи маълумоти шахсӣ ҳуқуқ дорад, вазифадоранд, ки маълумоти шахсиро бе розигии субъекти маълумоти шахсӣ ба шахсони сеюм ифшо накунанд ва паҳн накунанд, агар дар қонун тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.
“Истифодабарандаи сомонаи eDonish ва барномаи мобилии eDonish” (минбаъд - Истифодабаранда)
шахсе мебошад, ки Сомона ва/ё Баронамаи мобилӣ тавассути шабакаи интернетӣ ба ӯ дастрас мебошад ва барои манфиатҳои шахсии худ истифода мебарад.
“Cookies” - як пораи хурди маълумоте, ки аз ҷониби веб-сервер фиристода мешавад ва дар компютери Истифодабаранда нигоҳ дошта мешавад, ки мизоҷ ё веб-браузер ҳар дафъа ҳангоми кӯшиши кушодани саҳифаи сомона, баргашта ба веб - сервери бо намуди HTTP - дархост мефиристад.
“Суроғаи IP” - суроғаи ягонаи шабакаи гиреҳ дар шабакаи компютерӣ мебошад, ки бо истифода аз протоколи IP сохта шудааст.
“Сомонаи интернетии eDonish” (минбаъд — Сомона) - манбаи интернетие
мебошад, ки дар номи домени eDonish ҷойгир буда, ба Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тааллуқ дошта ва бо мақсади ба даст овардани маълумот дар бораи рафти раванди таълим дар муассисаҳои таълимии ва дигар маълумотҳо дар соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба системаи рӯзномаи электронии eDonish пайвастанд.
“Барномаи мобилии eDonish” (минбаъд - Барномаи мобилӣ) - барномаест, ки барои насб кардан дар дастгоҳҳои мобилӣ дар системаҳои оператсионии iOS, Android пешбинӣ шудааст ва ба Истифодабаранда
имкон медиҳад, ки хизматрасониҳои eDonish-ро дастрас
намояд.
“Донишҷӯй” - шахсе, ки бо тартиби муќарраргардида ба муассисаи таълимї барои
гирифтани тањсилоти умумї ё касбї аз рўи барномаи мушаххаси таълим дохил
шудааст.
МУҚАРРАРОРТИ УМУМИ
Истифодабарии Сомона, Барномаи мобилӣ
маънои қабули Сиёсати ҳифзи махфияти мазкур ва шартҳои коркарди маълумоти
шахсии Истифодабарандагнро дорад.
Дар сурати норозӣ будан бо шартҳои
Сиёсати ҳифзи махфият, Истифодабаранда бояд истифодаи Сомона, Барномаи мобилиро
қатъ кунад.
Сиёсати ҳифзи махфияти мазкур ба Сомона,
Барномаи мобилӣ дахл дорад. Маъмурияти eDonish сомонаҳои шахсони сеюмро, ки ба
онҳо Истифодабарнда метавонад ба воситаи Сомона ва ё Барномаи мобилӣ гузарард,
назорат намекунад ва барои онҳо масъул нест.
Маъмурияти eDonish дурустии маълумоти
шахсии аз ҷониби Истифодабаранда ҳангоми истифода аз Сомона, Барномаи мобилӣ
пешниҳодшударо тафтиш намекунад.
МАВЗӮИ СИЁСАТИ
МАХФИЯТ
Сиёсати ҳифзи махфияти мазкур
ӯҳдадориҳои Маъмурияти eDonish-ро вобаста ба ифшо накардан ва таъмини махфияти
маълумоти шахсии Истифодабарандаро, ки дар
Сомона, Барномаи мобилӣ сабт мешавад, муайян мекунад.
Маълумоти шахсӣ, ки дар доираи ин
Сиёсати махфият коркард мешаванд ва барои қайд шудан дар Сомона, Барномаи
мобилӣ ҳатми мебошанд, маълумотҳои зеринро дар бар мегиранд:
насаб ва
номи Истифодабаранда;
рақами
телефонӣ барои тамос бо Истифодабаранда;
суроғаи
почтаи электронӣ (ихтиёрӣ).
Маълумотҳое, ки бо дархости муассисаи
таълимӣ пешниҳод карда мешавад ва бевосита аз ҷониби муассисаи таълимӣ қайд
карда мешавад (системаи eDonish маълумоти шахсиро танҳо бо мақсади фаъолияти дуруст
ва пурраи системаи иттилоотӣ, коркард ва нигоҳ медорад) (минбаъд - СИ)):
сурати Донишҷӯй;
ҷинси Донишҷӯй;
таърихи
таввалуд;
шаҳрвандии
Донишҷӯй;
суроға
ва рақамҳо барои тамос;
маълумот дар бораи раванди таълим (санаи қабул ба синф,
парвандаи шахсӣ, аз кадом муассисаи таҳсилоти омад, холҳои миёнаи соли гузашта,
намуди таҳсил, соли таҳсил, дарсҳои томактабӣ, шароити таҳсил, маълумот дар
бораи охири сол);
маълумоти тиббӣ (муассисаи тиббӣ, омили Rh, дасти корӣ,
гурӯҳи саломатӣ, гурӯҳи тарбияи ҷисмонӣ, зиддиятҳои тиббӣ, ёрии ислоҳи-педагогӣ).
Маъмурияти eDonish маълумоти шахсии
Истифодабарандагонро, ки ба Системаи иттилоотии eDonish ворид карда шудаанд,
ҳангоми пешниҳоди маълумоти шахсии онҳо, ҳангоми бақайдгирӣ дар Сомона, Барномаи
мобилӣ, инчунин маълумоти муассисаи таълимӣ дар бораи раванди таълим, аз ҷумла
ҳангоми даромадан ба саҳифаҳои Сомона, Барномаи мобилӣ, ҳифз менамояд:
суроғаи
IP;
маълумоти
cookies;
вақти даромадан;
суроғаи
саҳифае, ки дар он маълумот ҷойгир аст;
реферер
(суроғаи саҳифаи қаблӣ).
Хомӯш кардани cookies аз ҷониби Истифодабаранда
метавонад боиси имконнопазирии дастрасии ӯ ба қисмҳои алоҳидаи Сомона, Барномаи
мобилӣ гардад.
Маъмурияти eDonish оморро дар бораи
суроғаҳои IP-и Истифодабарандагонро ҷамъоварӣ мекунад. Ин маълумот барои муайян
ва ҳалли мушкилоти техникӣ, назорати қонунӣ будани пардохтҳои молиявии
анҷомдодашуда дар доираи шартномаҳои басташуда оид ба пешниҳоди хизматрасониҳои
“Рӯзномаҳои электронии eDonish” истифода мешавад.
Ҳама гуна маълумоти дигари шахсии дар
боло зикрнашуда, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва
ҳамин Сиёсати ҳифзи махфият пешбинӣ кардааст, бояд ҳифз карда шаванд ва паҳн
карда нашавад.
МАҚСАДИ ҶАМЪОВАРИИ
МАЪЛУМОТИ ШАХСИИ ИСТИФОАБАРАНДА
Маълумоти шахсии Истифодабаранда
метавонад аз ҷониби Маъмурияти eDonish бо мақсадҳои зерин истифода шавад:
таъмини Истифодабаранда ба манбаъҳои
Сомона ва Барномаи мобилӣ;
ташкил
кардани робита бо Истифодабаранда, аз ҷумла ирсоли SMS паёмакҳо, дархостҳо оид
ба истифодаи Сомона, Барномаи мобилӣ, пешниҳоди хизматрасониҳо дар доираи
шартномаҳои басташуда оид ба «Рӯзномаҳои электронии eDonish»;
тасдиқи
дақиқ ва пуррагии маълумоти шахсии аз ҷониби Истифодабаранда пешниҳодшуда;
пешниҳоди
маълумот ба Истифодабарндаи Сомона, Барномаи мобилӣ дар бораи рафти таълими
донишҷӯ дар муассисаи таълимӣ дар доираи шартномаҳои басташуда оид ба пешниҳоди
хизматрасонии «Рӯзномаҳои электронии eDonish»;
коркард
ва қабули пардохтҳо, эътирози пардохт дар доираи шартномаҳои басташуда оид ба
пешниҳоди хизматрасонии «Рӯзномаҳои электронии eDonish»;
таъмини Истифодабаранда
бо дастгирии самараноки муштарӣ ва техникӣ дар ҳолати пайдо шудани мушкилиҳо
ҳангоми истифодабарии Сомона, Барномаи мобилӣ;
бо
розигии Истифодабаранда пешниҳод намудани навсозиҳо, пешниҳодҳои махсус,
маълумот оид ба нархҳо, ахборот ва дигар маълумот аз номи Сомона, Барномаи
мобилӣ;
додани иҷозат
ба Истифодабаранда барои истифодаи сомонаҳо ё хизматрасониҳои шарикон.
УСУЛ ВА ШАРТҲОИ КОРКАРДИ МАЪЛУМОТИ ШАХСӢ
Коркарди маълумоти шахсии
Истифодабаранда дар мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
бо ҳама гуна усулҳои қонунӣ, аз ҷумла дар системаҳои иттилоотии eDonish бо
истифода аз воситаҳои автоматикунонӣ ё бидуни истифодаи чунин воситаҳо амалӣ
карда мешавад.
Истифодабаранда розӣ мешавад, ки
Маъмурияти eDonish ҳуқуқ дорад маълумоти шахсиро ба шахсони сеюм, аз ҷумла,
хадамоти хаткашонӣ, ташкилотҳои почта, агар зарурати ирсоли мукотиба ба
Истифодабаранда бошад; барои нигоҳдории фосилавии маълумот - дар платформаҳои
ҷумҳуриявӣ бо истифода аз технологияҳои абрӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони
дигар тибқи конунгузории Чумхурии Точикистон пешниҳод намояд.
Маълумоти шахсии Истифодабаранда
метавонад танҳо бо асос ва тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии
Тоҷикистон ба мақомоти ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шавад.
Дар сурати гум шудан ё ифшои маълумоти
шахсӣ, Маъмурияти eDonish ба Истифодабаранда дар бораи гум ё ифшои маълумоти
шахсӣ хабар медиҳад.
Маъмурияти eDonish барои ҳифзи
маълумоти шахсии Истифодабаранда аз дастрасии беиҷозат ё тасодуфӣ, нобуд
кардан, тағир додан, нусхабардорӣ, паҳнкунӣ, инчунин аз дигар амалҳои
ғайриқонунии шахсони сеюм чораҳои зарурии ташкилию техникӣ меандешад.
Маъмурияти eDonish якҷоя бо
Истифодабаранда тамоми чораҳои заруриро меандешад, то талафот ё дигар оқибатҳои
манфие, ки дар натиҷаи гум кардан ё ифшои маълумоти шахсии Истифодабаранда ба
вуҷуд омадааст, пешгирӣ намоянд.
ӮҲДАДОРИҲОИ
ТАРАФҲО
Истифодабаранда ӯҳдадор аст:
маълумоти шахсиро, ки барои истифодаи
Сомона, Барномаи мобилӣ заруранд, пешниҳод кунад;
ҳангоми тағйир ёфтани маълумоти шахсӣ,
онро иваз ё пурра кунад;
дигар ӯҳдадориҳое, ки қонунгузории
Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати субъекти маълумоти шахсӣ муқаррар кардааст, иҷро
кунад;
Маъмурияти eDonish ӯҳдадор аст:
нигаҳдории махфии маълумоти шахсиро
таъмин намояд, бе иҷозати хаттии Истифодабаранда ифшо накунад (ба истиснои
ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сиёсати ҳифзи махфияти мазур
пешбинӣ кардааст), инчунин нафурӯш, нашр ё фош накунад;
чораҳои эҳтиётиро барои ҳифзи махфияти
маълумоти шахсии Истифодабаранда мувофиқи тартибе, ки одатан барои ҳифзи ин
намуди иттилоот дар амалия мавҷуд аст, андешад;
истифодабарии маълумоти шахсии марбут
ба Истифодабарандаи дахлдорро аз лаҳзаи дархости Истифодабаранда ё намояндаи
қонунии ӯ ё мақомоти ваколатдор оид ба ҳифзи маълумоти шахсӣ дар давраи санҷиш,
дар ҳолати ошкор шудани маълумоти нодурусти шахсӣ ё амалҳои ғайриқонунӣ, манъ
кунад.
Маълумоти шахсиро бо гирифтани дархости
хаттии дахлдор аз Истифодабаранда ё намояндаи қонунии ӯ ё мақомоти ваколатдор
оид ба ҳифзи маълумоти шахсӣ нест кунад, ки дар баробари ин:
ҳангоми нест кардани ҳама гуна
маълумоти шахсии дар Сиёсати ҳифзи махфияти мазкур зикршуда, ин ҳолат асос
барои қатъ кардани шартномаи оммавӣ оид ба пешниҳоди хизматрасонии “Рӯзномаи
электронии eDonish” бо Истифодабаранда ё
намояндаи қонунии ӯ аз лаҳзаи нест кардани чунин маълумот мебошад. Дар дархости
хаттии Истифодабаранда ё намояндаи қонунии ӯ бояд ҳатман зикр карда шавад, ки
Истифодабаранда ё намояндаи қонунии ӯ
шартномаи оммавиро оид ба пешниҳоди хизматрасонии “Рӯзномаи электронии eDonish”
қатъ мекунад.
Нест кардани маълумоти шахсии дар
Сиёсати ҳифзи махфияти мазкур зикршуда, бо мувофиқаи байни муассисаи таълимие,
ки донишҷӯ дар он таҳсил мекунад ва худи Истифодабаранда ё намояндаи қонунии ӯ
анҷом дода мешавад. Маъмурияти eDonish маълумоти шахсии дар Сиёсати ҳифзи махфияти
мазкур зикргардидаро танҳо дар асоси дархости хаттии муассисаи таълимие, ки
маълумоти дахлдорро ворид кардааст ва дархости хаттии Истифодабаранда ё
намояндаи қонунии ӯ нест мекунад.
МАСЪУЛИЯТИ ТАРАФҲО
Маъмурияти eDonish барои зарари бо
ҳуҷҷат тасдиқ кардашуда, ки ба Истифодабаранда бинобар истифодаи ғайриқонунии
маълумоти шахсии ӯ расонидашудааст, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҷавобгар аст, ба истиснои ҳолатҳое, ки Сиёсати ҳифзи махфияти мазкур пешбинӣ кардааст.
Дар сурати гум ё ифшои маълумоти шахсии
Истифодабаранда, Маъмурияти eDonish масъулият надорад, агар ин маълумот
(маълумоти шахсӣ):
пеш аз гум шудан ё фош шуданаш, дар
омма дастрас буд;
то пешниҳод шудани он ба Маъмурияти eDonish,
аз тарафи шахсони сеюм ифшо шуда буд;
бо розигии Истифодабаранда ошкор карда
шуда буд;
ва дар дигар ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии
Тоҷикистон пешбини намудааст.
ҲАЛЛИ БАҲСҲО
Пеш аз муроҷиат намудан ба суд бо даъво
оид ба баҳсҳое, ки аз муносибати байни Истифодабаранда ва Маъмурияти eDonish
бармеоянд, пешниҳоди хаттӣ оид ба ихтиёран ҳал намудани баҳс ҳатми мебошад.
Гирандаи даъво вазифадор аст дар давоми
30 рӯзи тақвими аз рӯзи гирифтани даъво аризадиҳандаро аз натиҷаи баррасӣ, хаттӣ
огоҳ намояд.
Дар сурати ба созиш наомадани тарафҳо,
баҳс тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи мақомоти
судӣ ҳал карда мешавад.
Нисбати Сиёсати ҳифзи махфияти мазкур
ва муносибатҳои байни Истифодабаранда ва Маъмурияти eDonish қонунгузории
амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мегардад.
ШАРТҲОИ ИЛОВАГӢ
Маъмурияти eDonish ҳуқуқ дорад бе
розигии Истифодабаранда ба Сиёсати ҳифзи махфияти мазкур, тағйирот ворид кунад.
Маъмурияти eDonish Истифодабарндаро дар
бораи тағйирот дар Сиёсати махфияти мазкур тавассути огоҳиномаи PUSH бо воситаи
Барномаи мобилӣ огоҳ мекунад.
Шартҳои нави Сиёсати ҳифзи махфияти
мазкур аз лаҳзаи интишори он дар Сомона, Барномаи мобилӣ эътибор пайдо
мекунанд.
Пешниҳодҳо ё саволҳо вобаста ба Сиёсати
ҳифзи махфияти мазкур бояд ба суроғаи почтаи электронии support@edonish.tj
ирсол карда шаванд.
Бо қабули шартҳои Сиёсати ҳифзи махфяит,
Истифодабаранда инчунин бо шартҳои созишномаи истифодабарӣ, ки дар саҳифаи https://cdn.edonish.tj/public/privacy/index.html
ҷойгир шудааст, розӣ мешавад.
Маълумот
барои тамос бо Маъмурияти eDonish: Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд»-и
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, суроға – Ҷумҳурии Тоҷикистон,
ш. Душанбе, к. Мирзо Турсунзода 27А, тел: +992 44 640 0021, почтаи электронӣ:
support@edonish.tj